Дар пайи ҳафтае пуртаниш барои бозорҳои молӣ пас аз эъломи тарофаҳои густарда аз сӯи давлати Амрико, рӯзи шанбе садҳо нафар дар шаҳрҳои мухталифи Амрико, аз ҷумлаи Вашингтону Ню-Йорк ва ҳамчунин дар шаҳрҳои мухталифи Аврупо, аз ҷумла Берлин, Франкфурт, Лондон, Порис ва ғайра алайҳи Доналд Трамп ва Илон Маск тазоҳурот карданд.
Ба гузориши Порс Тудей, муътаризон плокордҳое бо шиорҳои «демократияро бозгардонед», «даст аз иттилооти шахсии мо бардоред» ва «Доналд бирав канор, ҷаҳон аз музахрафотат хастааст» дар даст доштанд.
Маросими бузургдошти Наврӯз бо ҳузури суфаро ва руасои намояндагиҳои дипломотӣ дар Теҳрон
Маросими бузургдошти Наврӯзи 1404 шомгоҳи шанбе ба мизбонии Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умӯри хориҷаи Эрон ва бо ҳузури густардаи суфаро ва руасои намояндагиҳои дипломатии муқими Теҳрону ҳамсарони онҳо баргузор шуд.
Гросси: Эрон силоҳи атомӣ надорад
Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи шанбе дар гуфтугӯи телевизионӣ бо шабакаи "La Nacion Mas"-и Аргентина гуфт: Эрон ба рағми бархӯрдорӣ аз захоири урани ғанӣ шуда, силоҳи ҳастаӣ надорад. Вай бо нимнигоҳе ба мукотиботи ахири Вашингтону Теҳрон, хостори тасреъ дар раванди ҳалу фасли масоили подманӣ шуд.
Фармондеҳи артиши Лубнон: Исроил душмани аввали мо аст
Рудолф Ҳейкал, фармондеҳи артиши Лубнон рӯзи шанбе бо ишора ба ҳамалоти таҷовузгаронаи мукаррари режими саҳюнистӣ ба хоки кишвараш гуфт: Аввалин душмани Лубнон, Исроил аст, ки бар нақзи мустамари ҳокимияти Лубнон исрор меварзад.
Фасоди ахлоқӣ дар қалби порлумони Англия
Полиси минтақаи Эйвон ва Сомерсети Англия рӯзи шанбе бо судӯри баёнияе эълом кард: Дэн Норрис, намояндаи Ҳизби коргар дар ҳавзаи « Сомерсети шимоли шарқӣ ва Ҳенҳом» ба гумони иртикоби таҷовузу ҷароими ҷинсӣ алайҳи кӯдакон боздошт шудааст. Боздошти ин намояндаи маҷлиси Англия дар шароите сурат мегирад, ки ниҳодҳои ҳукӯматии ин кишвар тайи солҳои ахир бо силсилае аз расвоиҳои ахлоқӣ ва суиистифода аз қудрат мувоҷеҳ будаанд.
Лузӯми ҳамгароии кишварҳои осиёӣ барои муқобила бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ
Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ, ноиб раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи шанбе дар нишасти Маҷмаи маҷолиси Осиё дар Тошканди Узбекистон гуфт: Ҳамгароии кишварҳои осиёӣ метавонад омили муассире дар поён додан ба ҷиноёти режими саффоки саҳюнистӣ бошад.
Идомаи бомбаборони Яман тавассути ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико
Ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико дар идомаи таҷовуз ба Яман, шомгоҳи шанбе ҷазираи Камарон дар устони Ал Ҳудайдаро дар панҷ навбат бомбаборон карданд. Ҷангандаҳои артиши Амрико, шанбешаб низ дар чаҳор навбат ба минтақаи Ҳафсин дар устони Саъда, шимоли Яман ҳамла карданд.
Шикасти лобии Исроил барои барканории гузоришгари СММ
Франческа Албанезе, ҳуқӯқдони итолиёӣ, бо вуҷӯди талошҳо ва мухолифатҳои ҷиддии лобии саҳюнист, дар симати худ ба унвони гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Созмони милал дар умӯри Фаластини ишғолӣ боқӣ монд.
Озмоиши силоҳи ҷадиди воҳиди амалиёти вижаи Кореяи Шимолӣ
Kim Jong Un, раҳбари Кореяи Шимолӣ дар боздид аз тамринҳои воҳиди амалиёти вижаи ин кишвар, як туфанги так тирандоз, ки қарор аст ба зудӣ дар ихтиёри ин неруҳо қарор бигирад, озмоиш кард.
342/
Your Comment